Дар ҷаҳон ниёз ба велосипед афзоиш меёбад


Дар пасзаминаи (фон) пандемияи коронавирус дар Ғарб ва Осиё ниёзи мардум ба дучархаҳо (велосипед) афзоиш меёбад. Ширкатҳое, ки дучарха истеҳсол мекунанд, наметавонанд ба талаби мардум сари вақт ҷавоб диҳанд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс ба истинод ба додаҳои рӯзномаи Financial Times хабар дод.
Бино ба додаҳои манбаъ, дар ин рӯзҳо дучархаҳое, ки истеҳсол мешаванд, дигар дар мағозаҳо муддати тӯлонӣ намемонанд ва якбора ба фурӯш мераванд.
Масалан дар моҳи апрел дар Фаронса фурӯши дучархаҳо тавассути интернет 350 дарсад афзоиш ёфт.
Фурӯшандаву истеҳсолкунандагон аз ҳамин гуна вазъият дар Денвер, Чикаго ва Лондон хабар медиҳанд.
Дар зимн, ҷорӣ шудани иқдоми фосилаи иҷтимоӣ, набудани коргарони ширкатҳои истеҳсолкунанда, ё гирифтории онҳо ба коронавирус низ ҳамчун сабабҳои камбудии дучархаҳо нишон дода мешаванд. Ҳамчунин, Чин ва Тайван, ки дар Осиё бузургтарин истеҳсолкунандагони дучарха мебошанд, пештар аз дигарон бо пайомадҳои пандемия рӯбарӯ шуданд ва дар ин кишварҳо бархе аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва бандарҳо баста шуданд ва ин як сабаби дигаре аст.
Мавлуда: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ