Чанд маслиҳат оиди мустаҳкамсозии иммунитети инсон

Чанд маслиҳат оиди мустаҳкамсозии иммунитети инсон


Дар ин бора, сардори инспексияи назорати санитариву эпидемиологии ҷумҳуриятӣ Нурмат Отабеков тавсияҳои зеринро пешниҳод кард. Инак
Барои ҳимоя аз ин беморӣ ғайр аз, риояи қоидаҳои санитариву гигиена (мардум онро аз худ намудаанд) боз кадом чораҳоро андешидан лозим аст? Маҳсулотҳои истеъмолшаванда, қоидаҳои хӯрокхӯрӣ, дорувориҳои зарурӣ ва дигар воситаҳоро дар назар дорам.

  • Албатта, вақте ки сухан дар бораи дору меравад, шаҳрвандоне, ки ба беморӣ мубтало шудаанд, бояд пеш аз ҳама бо шифокори ҳудуди худ маслиҳат намоянд. Зеро, он шифокор ҳолати воқеии беморро хуб медонад.
    Чӣ хеле ки гуфта, гузаштем, мо дар бораи чораҳои эҳтиётӣ бисёр сӯҳбат кардем, ки одамон онро дар ёд доранд. Минбаъд, бояд ҳар чӣ бештар дар бораи воситаҳое, ки иммунитетро мустаҳкам мекунад ва системаи иммунии инсонро устувор нигоҳ медорад, маълумот диҳем.
    Мо аз таҷриба медонем, ки барои мустаҳкам кардани системаи иммунитет, шахс бояд хуб хобад, хуб истироҳат кунад, аз ҳад зиёд асабӣ нашавад, хуб хӯрок хӯрад (дар асоси риояи меъёр) ва машқ кунад, инчунин аз одатҳои зараровар (нӯшокиҳои спиртдор, тамокукашӣ ва ғайра) даст кашад.
    Боз як нуктаи муфид: Ҳар як майсаи Ӯзбекистон ба хусусияти шифобахшӣ соҳиб аст. Инро инкор кардан мумкин нест. Гулу гиёҳҳои Ӯзбекистон, яъне гиёҳе, ки пешобро хориҷ мекунад, фаъолияти меъдаву рӯдаҳоро беҳтар намуда, ба раванди ҳозима таъсири хуб мерасонад, хуллас ба ҳамаи бемориҳо шифо мебахшад.
    Истеъмоли суюқиҳои аз гиёҳҳо тайёршуда ва меваҳои гуногун системаи иммунитети инсонро мустаҳкам месозад. Бояд гуфт, ки воситаҳои дорувории мо бисёртар аз гиёҳҳои гуногун тайёр шудааст, бинобар ин бо нархҳои хеле арзон фурӯхта мешавад.
    Ногуфта намонад, ки имрӯзҳо дар амалиётамон воситаҳои аз гиёҳҳо тайёршуда, якбора кам шуданд. Мо асосан доруҳои аз ҷиҳати химиявӣ ҳосилшударо истифода мебарем. Ин хеле зараровар аст. Ин доруҳо оҳиста – оҳиста, ба баъзе узвҳои баданамон зарар мерасонад.
    Аз ин рӯ, мо бояд навъҳои гуногуни растанӣ: аз наматак то алафи марҷон, ҷуворимакка, гулҳои ромашка ва хусусан гиёҳҳои шифобахш, ки дар кӯҳҳо мерӯянд, истеъмол намуда, то ҳадди имкон аз дорувориҳои химиявӣ худдорӣ намоем.
    Аз неъматҳои табиат самарабахш истифода бурдан лозим аст. Масалан, растании ҳазориспанд хусусиятҳои шифобахшии бисёрро соҳиб аст.
    Ғайр аз ин, чормағзро гиред, ки он фаъолияти бофтаи мағзи сарро беҳтар мекунад. Зардолу ва хушккардаи ба дил шифо мебахшад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ