Кореяи Ҷанубӣ барои хориҷиён қоидаҳои навро ҷорӣ мекунад

Кореяи Ҷанубӣ барои хориҷиён қоидаҳои навро ҷорӣ мекунад

  • Post category:Ҷаҳон


Кореяи Ҷанубӣ аз имрӯз, 13 июл бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус барои шаҳрвандони хориҷӣ қоидаҳои навро ҷорӣ мекунад. Акнун, хориҷиёне, ки дар кишварашон сатҳи паҳншавии COVID-19 боло аст, ҳангоми ворид шудан ба Кореяи Ҷанубӣ ҳамроҳи худ бояд санаде дошта бошанд, ки мубтало набудани онҳо ба коронавирусро тасдиқ мекунад. Дар ин бора хабаргузории KBS ба нақл аз ситоди (штаб) марказии мубориза бо офатҳои табиӣ, вазъиятҳои фавқулодда ва фоҷеаи Кореяи Ҷанубӣ хабар медиҳад.
Санаде, ки мубтало набудани мусофирро тасдиқ мекунад, бояд 48 соат пеш аз парвоз ба муассисаҳои тиббие, ки сафоратҳои Кореяи Ҷанубӣ дар кишварҳои хориҷӣ интихоб мекунанд, тақдим гардад.
Аммо ин санад ҳам ба хориҷиён дар Кореяи Ҷанубӣ имкон намедиҳад, ки якбора дар ин кишвар озодона ҳаракат кунанд. Ҳар як мусофир бо вуҷуди доштани ин санади зарурӣ, баъди ворид шудан ба Кореяи Ҷанубӣ 2 ҳафтаро дар карантини маҷбурӣ сипарӣ мекунад.
Ҳамчунин, ҳавопаймои кишваре, ки сатҳи паҳншавии коронавирус дар он боло аст, набояд ба Кореяи Ҷанубӣ пуропур аз мусофир парвоз кунад ва танҳо 60 дарсади тавони ҳамлу нақли худро истифода барад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ