Ню-Йорк баъди 4 моҳ нахустин бор 24 соатро бе марги мубталоёни COVID-19 паси сар кард

Ню-Йорк баъди 4 моҳ нахустин бор 24 соатро бе марги мубталоёни COVID-19 паси сар кард

  • Post category:Ҷаҳон


Дар як шабонарӯзи гузашта дар шаҳри Ню-Йорк ягон мавриди марг бар асари коронавирус сабт нашуд. Баъди 4 моҳ ин нахустин шабонарӯзе аст, ки Ню-Йорк онро бе ягон қурбонӣ паси сар кард. Дар ин бора шабакаи телевизионии Фокс Нюз хабар медиҳад.
Нахустин бемор дар Ню-Йорк 11 марти соли ҷорӣ вафот карда буд. Сар аз 13 март дар бемористонҳои шаҳр ҳамарӯза марги мубталоёни коронавирус сабт мешуд.
Ҳамчунин, рӯзи 10 июл дар Ню-Йорк 2 нафар эҳтимолан қурбони COVID-19 шуданд. Вале ин 2 ҳолати марг бар асари коронавирус ҳамчунон эҳтимолӣ монд ва тасдиқ нашуд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ