Имтиҳонҳои дохилшавӣ ба литсейҳои академӣ мавқуф гузошта шуданд

Бо қарори Комиссияи махсус ва бо талаботи карантинӣ имтиҳонҳо ба литсейҳои академӣ ба муддати номаълум мавқуф гузошта шуданд.

Бо Қарори Девони Вазирон «Дар бораи тартиби интихоб ва қабули хонандагони мактабҳои таълими умумӣ ба литсейҳои академӣ,гузарондан ва хориҷ кардани онҳо» ҳар сол имтиҳонҳои дохилшавӣ ба литсейҳои академӣ аз 10 — уми июл то 25 — уми июл гузаронда мешуданд.

Дар ин бора хизмати матбуоти Вазорати таълими халқ хабар дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ