Тирандозӣ дар марзи Озарбойҷон ва Арманистон


Рӯзи гузашта, 12 июл дар марзи миёни Озарбойҷон ва Арманистон сарбозони ду кишвар ба сӯи ҳамдигар оташ кушоданд. Дар натиҷа 3 нафар сарбози Озарбойҷон кушта шуд. Дар ин бора вазорати мудофиаи Озарбойҷон хабар дод.
Ин ҳодиса дар ноҳияи Товуз рух дод. Мақомоти Озарбойҷон таъкид карданд, ки Ереван режими оташбасро нақз карданд ва низомиёни озарӣ посух доданд. Гуфта мешавад, ки дар ҳар ду тараф сарбозон кушта шуданд.
Дар зимн, вазорати мудофиаи Арманистон эълом кард, ки низомиёни Озарбойҷон мехостанд бо автомобил аз марзи давлатӣ убур кунанд ва ҳудуди низомии Арманистонро зери тасарруф оваранд.
Ба гуфтаи Шушан Степанян, котиби матуботии вазорати мудофиаи Арманистон, дар ин даргири мусаллаҳона ягон сарбози арманӣ кушта нашудааст.
Озарбойҷон ва Арманистон тӯли даҳсолаҳо бар сари Кӯҳистони Қорабоғ низоъ доранд.
Манбаъ: Новости

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ