Ниқобпӯшӣ дар Турманистон маҷбурӣ шуд

Ниқобпӯшӣ дар Турманистон маҷбурӣ шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Аз 13 июл дар Туркманистон пӯшидани ниқоби тиббӣ маҷбурӣ шуд. Дар Ашқобод фурӯшгоҳ ва тафреҳгоҳи бузурги “Барқарор” ва бозори “Толкучка” баста шуд. Дар ин бора «Turkmen.news» хабар дод.
Дар кӯчаҳои пойтахт кормандони пулис бо автомобил мегарданд ва бо садои баланд зарурии ниқобпӯшӣ ҳангоми берун рафтанро хотиррасон мекунанд. Ҳамчунин, пулис дар роҳҳои мошингард ниқоб доштани ронандаву мусофиронро назорат мекунад. Касе, ки ниқоб надорад, аз пулис ниқобро ба 1 манат маҷбурӣ мехарад.
Дар Туркманбошӣ ниқоб ба касоне, ки вориди шаҳр мешаванд, бепул дода мешавад.
Ба гуфтаи манбаъҳо, дар бисёре аз дорухонаҳои минтақаҳои гуногуни Туркманистон воситаҳои антисептикӣ камёб аст ва дорухонаҳое, ки онҳоро доранд, ба нархи қимат мефурӯшанд.
Ниқоби тиббӣ чизи ноёб шудааст ва дӯзандагон дӯхтудӯзи ниқобро оғоз кардаанд. Нархи як ниқоб аз 3 то 15 манат аст.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои арзёбии вазъият ба Туркманистон омадаанд. То ҳол ягон мавриди гирифторӣ ба коронавирус дар Туркманистон эълом нашудааст. Бемороне, ки бо нишонаҳои монанд ба коронавирус вафот мекунанд, ҳамчун мубталои зотулҷамъ сабт мешаванд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ