Пандемия истеъмоли гӯштро дар ҷаҳон кам кард


Пандемия дар саросарии ҷаҳон боиси коҳиш ёфтани истеъмоли гӯшт шуд. Имсол мезони истеъмоли гӯшт ба сатҳи поинтарини 9 соли охир хоҳад расид. Дар ин бора хабаргузории Блумберг бо истинод ба додаҳои Созмони милали муттаҳид хабар дод.
Ба назари таҳлилгарон, мумкин аст, ки имсол талаби ҷаҳонӣ ба гӯшт беш аз 3 дарсад коҳиш ёбад. Чунин коҳиш аз соли 2000-ум ба ин сӯ ҳанӯз мушоҳида нашудааст. Дар айни ҳол дар ҳама гӯшаи ҷаҳон мезони талаб ба гӯшт тағйир меёбад.
Коҳиш ёфтани истеъмоли гӯшт қабл аз ҳама натиҷаи баста шудани ресторанҳои дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон мебошад. Сабаби дигар ин тарси бисёре аз одамон аз сирояти коронавирус тавассути гӯшт аст. Масалан, паҳншавии дубораи COVID-19 дар Пекин айнан бо маҳсулоти гӯштии бозор иртибот дорад. Мумкин аст, ки имсол истеъмоли гӯшти хук дар Чин дар муқоиса бо замони қабл аз пандемия ва паҳншавии вабои африқоии хук то 35 дарсад коҳиш ёбад.
Сабаби савум, ки он ҳам муҳим аст, кам шудани даромади мардум дар саросари ҷаҳон мебошад. Пандемияи коронавирус ва буҳрони иқтисодӣ, ки пайомади он аст, одамонро бенаво мекунад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ