Ҳайкали ҳамсари Трампро оташ заданд

Ҳайкали ҳамсари Трампро оташ заданд

  • Post category:Ҷаҳон

Дар шаҳри Севнисаи Словения мухолифони сиёсати Амрико ҳайкалчаи чӯбии ҳамсари Доналд Трампр, Мелагниро оташ заданд, хабар медиҳад “Reuters”.
Ҳайкалчаи хонуми аввали Амрико соли 2019 аз ҷониби ҳайкалтарош Алес Жупевк ба хотири зодаи Словения будани Мелагни сохта дар майдони шаҳри Севниса гузошта шуда, буд.
Ҳайкалча бо лубоси рамзии кабуд, ки дар маросими савгандёдкунии Доналд Трамп хонумаш ба бар намуда буд, зинннат ёфта буд. Пулиси Словения иттило додааст, ки мухолифони режими Трамп ҳайкалчаи чубии ҳамсарашро дар рӯзи истиқлолияти ин кишвар, ки 4-уми июл ҷашн гирифта мешавад, оташ задаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ