Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Кишварҳо дар мубориза бо COVID-19 “роҳи нодуруст”-ро интихоб карданд


Тедрос Гебрейесус, раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт,”Ҷаҳон наметавонад ба зудӣ ба зиндагии одатӣ баргардад. Бисёре аз кишварҳо дар мубориза бо коронавирус “роҳи нодуруст”-ро интихоб карданд. Агар ҳукуматҳо дар оянда низ ба шаҳрвандон дақиқан нафаҳмонанд, ки барои кам кардани шумори сироят ва наҷоти зиндагиҳо ба кадом стратегия бояд пайравӣ кард, агар мардум ба қоидаҳои асосии мубориза бо коронавирус – дастшӯӣ ва ниқобпӯшӣ риоят накунанд, моро ягона сенарияи рушди пандеия мунтазир аст, яъне вазъият бадтар мегардад”.
Ҳамарӯза шумори кишвару минтақаҳое, ки коронавирус дубора паҳн мешавад, афзоиш меёбад, маҳдудиятҳое, ки лағв (бекор) шуда буд, дубора ҷорӣ мегардад. Вале, на ҳама ба инзивои (изолятсия) нав омода ҳастанд. Масалан, додгоҳи (суд) Каталония қарори ҳукумати маҳаллӣ дар бораи пурзӯртар кардани карантинро дар Лейд ва 7 ноҳияи дигар лағв кард. Дар ин ноҳияҳо тақрибан 140 ҳазор нафар бояд худро инзиво мекарданд ва танҳо барои ба кор рафтан ва дигар ҳолатҳои зарурӣ ба кӯча мебаромаданд. Вале, додгоҳ ин чораҷӯиҳои ҳукуматро “таҳдиди беш аз ҳад” хонд ва илова кард, ки мақомоти Каталония аз ҳадди ваколати худ фаротар рафтанд.
Юнонистон аз 15 июл тафтиши сайёҳони хориҷиро дар марзи худ ҷиддитар мекунад.
Дар Марокаш ҳудудуи миллион нафар сокини шаҳри Танжери бандарӣ дубора дар инзиво монданд. Фурӯшгоҳҳову ресторанҳоро бори дигар бастанд.
Ҳамагӣ 6 моҳ қабл дар Филиппин карантин поён ёфта буд. Вале барои сокинони Навотас, ки яке аз шаҳрҳои бенавотарини Филиппин аст, карантин аз нав оғоз мегардад. Сокинони шаҳр бояд ҳадди ақал 2 ҳафта дар хона бимонанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар кишвар соати комендантиро ҷорӣ ва фурӯши алкоголро мамнӯъ кард. Ҳадафи ҳукумат ин аст, ки ба шабнишиниҳо ва ба рафтори бемасъулонаи одамони маст ба худ ва дигарон роҳ надиҳад. Тӯли чанд ҳафтаи охир дар ин кишвар ҳамарӯза то 12 ҳазор мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт мешавад.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ