Ӯзбекистон аз ду бонки осиёӣ $200 миллион қарз мегирад


Сардор Умурзоқов, вазири тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон рӯзи гузашта, 13 июл бо Масасугу Асакава, раиси Бонки осиёии рушд (БОР) видеомулоқот кард. Раиси БОР дар раванди мулоқот гуфт, ки ин бонк барои навсозӣ (модернизатсия) ва таҷҳизи бахши ҳифзи тандурустӣ ва хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Ӯзбекистон 100 миллион доллар қарз медиҳад. Ин лоиҳа дар оғози моҳи август ба имзо хоҳад расид.
Ҳамчунин, Бонки сармоягузории зерсохтии (инфраструктурный) Осиё низ дар ин лоиҳа иштирок хоҳад кард. Ин бонк низ барои лоиҳа 100 миллион доллар ихтисос медиҳад.
Тарафҳо дар мулоқот дар бораи фаъолона идома додани иҷрои барномаи феълии ҳамкории Ӯзбекистон ва БОР ва барномаи нави ҳамкорӣ дар солҳои 2021-2023 табодули афкор карданд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ