“Шум бола” чашм аз ҷаҳон пӯшид

“Шум бола” чашм аз ҷаҳон пӯшид


Абдураим Абдуваҳобов, ҳунарпешаи театри драмаи академики Ӯзбекистон, ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон дар синни 57 вафот кард.
Адбураҳим Абдуваҳобов 8 август соли 1963 дар шаҳри Тошканд чашм ба ҷаҳон кушод. Ӯ муҳассили донишкадаи театр ва наққошии Тошканд аст.
Абдураим Абдуваҳобов дар филмҳои “Шум бола”, “Суюнчи”, “Муҳаббат синовлари”, “Ада эмас, дада”, “Фирибгар”, “Осий банда”, “Пойга”, “Бевалар”, “Сӯнгги нафасимгача”, “Севги балки бу жаннат”, “Назира” ва ғайра нақш офаридааст. Ҳамчунин, ӯ дар филми “Ҷӯра шикорчӣ”-и “Тоҷикфилм” нақш бозӣ кардааст.
Илова бар ин, Абдураҳим Абдуваҳобов дар спектакли “Чимилдиқ” нақш офаридааст.
Таҳририяти “Овози Самарқанд” ба аҳли хонаводаи Абдураим Абдуваҳобов изҳори ҳамдардӣ мекунад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ