Россия карантини 14-рӯзаро барои аз хориҷа омадагон бекор мекунад

Россия карантини 14-рӯзаро барои аз хориҷа омадагон бекор мекунад


Аз 15-уми июл барои шахсоне, ки ба Россия ворид мешаванд, карантини ҳатмии 14-рӯза бекор карда мешавад. Дар ин бора, дар қарори роҳбари Роспотребнадзор маълум карда шудааст.
Мувофиқи маълумоти нашрияи Коммерсант, шахсоне, ки ба Россия меоянд, бояд бо худ маълумотнома (справка) дар бораи натиҷаи коронавирус дошта бошанд, ки на дертар аз се рӯзи то ворид шудан гирифта шуда бошад.
Гуфта мешавад, дар сурати надоштани чунин ҳуҷҷат, шахсони ба қаламрави Россия воридшуда бояд дар муддати се рӯз аз тести коронавирус дар ин кишвар гузаранд.
Дар ҳолати мусбат баромадани натиҷаи тест ё эҳсоси бад шудани вазъи саломатӣ онҳо бояд то солим шуданашон худро аз дигарон ҷудо нигоҳ доранд.
Ёдрас мешавад, ки Россия ба ифтитоҳи иртиботи байналхалқии ҳавоӣ аз 15-уми июл омодагӣ мегирад. Парвозҳо танҳо ба кишварҳое анҷом дода мешаванд, ки дар онҳо вазъияти вобаста ба коровирус мусоид ва қобили қабул аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ