Дар Қазоқистон ба карантини қатъӣ то оғози август идома меёбад

Дар Қазоқистон ба карантини қатъӣ то оғози август идома меёбад

  • Post category:Ҷаҳон


Қосим Ҷомарт Тӯқаев, раисҷумҳури Қазоқистон дар бораи ба 2 ҳафтаи дигар тамдид шудани муҳлати карантини қатъӣ дар кишвараш эълом кард.
Тӯқаев дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт, “Карантини қатъӣ, ки бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти эпидемиологӣ ҷорӣ шуд, ба 2 ҳафтаи дигар тамдид мегардад. Комиссияи ҳукуматӣ фардо қарори худро дар ин бора қабул хоҳад кард. Карантин барои саломатӣ ва ҳифзи шаҳрвандон зарур аст”.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5 июл дар Қазоқистон карантини қатъии дуҳафтаӣ эълом шуда буд. Акнун ба ин муҳлат боз 2 ҳафтаи дигар илова мешавад ва қазоқистониҳо то оғози моҳи август дар чунин режим зиндагӣ мекунанд. Чанде пеш эълом шуда буд, ки шаҳрвандони ночори Қазоқистон 42 500 (тақрибан 103 доллар) тангаӣ пул дарёфт мекунанд.
Дар айни ҳол шумори мубталоён ба коронавирус дар Қазоқистон ҳудуди 60 ҳазор нафар аст. 375 нафар қурбони коронавирус шудаанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ