Агар дар Ӯзбекистон чораҳои карантинӣ пурзӯр нагардад, шумораи мубталоёни коронавирус зиёд хоҳад шуд


Директори Маркази ислоҳотҳо ва тадқиқоти иқтисодӣ Обид Ҳакимов дар бораи таъсири маҳдудиятҳои карантинӣ ба иқтисодиёт ва даромади аҳолиро шарҳ дод.
Ӯ таъкид намуд, ки пурзӯр кардани маҳдудиятҳои карантинӣ дар Ӯзбекистон, ки аз 10-уми июл то 1-уми август идома меёбад, ба иқтисодиёт ва даромадҳои аҳолӣ ҳамчун карантини баҳорӣ таъсири ҷиддӣ нахоҳад расонд.

  • Зинаи кунунии чораҳои маҳдудиятҳоро бо карантини пешина баробар кардан номумкин аст, зеро маҳдудиятҳои имрӯза асосан ба соҳаи хизматрасонӣ, соҳаи хӯрокворӣ, яъне ба дар як ҷой бисёр нафар ҷамъшавии одамон дахл дорад. Чораву тадбирҳои андешидашуда ба пешгирии паҳншавии вирус нигаронида шудаанд.
    Агар дар як вақт шумораи ками одамон сироят ёбанд, табобат кардани беморони вазнин осонтар хоҳад шуд. Инчунин, аз сабаби карантини имрӯза паст шудани фаъолияти умумии иқтисодиро интизор нашуданамон лозим аст.
    Қариб 70 фоизи корхонаҳое, ки фаъолияташон қатъ шудааст, то моҳи сентябр, боқимонда то охири соли 2020 ба кор дароварда мешавад. Ин бо супориши ҳукумат дар таҳлили тайёрнамудаи Маркази ислоҳотҳо ва тадқиқоти иқтисодӣ акси худро ёфтааст.
    Бояд гуфт, ки рӯзҳои наздик пандемия нест намешавад ва фаъолияти иқтисодӣ вобаста ба вазъияти эпидемиологӣ анҷом дода мешавад. Гуфта метавонам, ки агар чораҳои карантинӣ бо сабаби мавҷи нави эпидемия пурзӯр нагардад, маркази мо пешгӯӣ мекунад, ки то моҳи декабри соли 2020 шумораи беморони сирояти коронавирус ба 64 ҳазор нафар мерасад ва барои нигоҳубини ин беморон ба миқдори 3,6 триллион сӯм маблағи иловагӣ лозим аст.
    Барои муқоиса, то имрӯз дар Ӯзбекистон барои мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус (санҷишҳо, доруҳо, таҷҳизоти муҳофизатӣ, пардохтҳо ба кормандони соҳаи тиб) тақрибан 750 миллиард сӯм харҷ шудааст. Аз ин рӯ, коршиносони Маркази ислоҳотҳо ва тадқиқоти иқтисодӣ маҳдудиятҳои карантиниро мувофиқи мақсад мешуморанд.
    Ба самаранокии пурзӯркунии чораҳои карантинӣ дар муддати 15-20 рӯз баҳо додан мумкин аст. Ин ҳама ба он вобаста аст, ки мо ин чораҳои карантиниро чӣ қадар хуб риоя мекунем. Албатта, иқтисодиёт бояд ба хавфу хатарҳои нав мутобиқ шавад ва ҳамзамон боз ва ё пӯшида шудани соҳаҳои иқтисодиёт ба шумораи беморон вобаста аст — гуфт Обид Ҳакимов.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ