Қоидаҳои ташрифи варзишгарон ба Бозиҳои тобистонии Токио содатар хоҳад шуд


Барои варзишгароне, ки дар Бозиҳои тобистонии Токио-2021 иштирок мекунанд, қоидаҳои ворид шудан ба Япония содатар хоҳад шуд. Дар ин бора Сэйко Хасимото, вазири корҳои Олимпиада ва Паралимпиадаи Япония эълом кардааст.
Гуфта мешавад, ҳукумати Япония бояд дар назар дошта бошад, ки пандемияи коронавирус метавонад ҳангоми оғози Бозиҳои тобистонии Токио дар соли 2021 ҳанӯз аз байн нарафта бошад. Яъне дар чунин вазъият таваққуфи парвозҳо дар миёни Япония ва баъзе аз кишварҳо ҳанӯз побарҷо хоҳад буд, ки ин барои ташрифи варзишкорони он кишварҳо ба Токио душвориҳо эҷод мекунад.
Бино ба гуфтаи Хасимото, ҳукумати Япония мехоҳад ба варзишгарони хориҷӣ иҷозати ворид шуданро бидиҳад, ҳатто агар дар кишварҳои онҳо вазъияти эпидемиологӣ беҳ набошад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Харуюки Такахаси, яке аз мудирони кумитаи ташкилии Бозиҳои Олимпия таъкид карда буд, ки агар пандемия ба баргузории мусобиқот дар соли 2021 монеа шавад, боз як бори дигар масъалаи таъвиқи он ба муддати дертар бояд баррасӣ шавад. Ин нахустин бор аст, ки чунин намояндаи баландпоя дар бораи эҳтимоли таъвиқи дубораи муддати баргузории Бозиҳои Олимпияи Токио ҳарф мезанад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ