Таҳсил дар мактабҳои Қазоқистон ба сурати фосилавӣ оғоз мешавад


Нахустин чоряки соли таҳсил дар мактабҳои Қазоқистон ба сурати фосилавӣ сипарӣ хоҳад шуд. Дар ин бора маркаи матбуотии ҳукумати Қазоқистон имрӯз хабар дод.
Аскар Мамин, намояндаи ҳукумати Қазоқистон ба ниҳодҳои масъул дастур дод, ки ба таҳсили фосилавӣ омодагӣ бинанд.
Асхат Аймагамбетов, вазири таҳсил ва улуми Қазоқистон дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, ки дар чунин вазъияти эпидемиологӣ идомаи таҳсили фосилавӣ роҳи дуруст аст.
Алексей Сой, вазири тандурустии Қазоқистон низ ин ташаббусро пуштибонӣ кард.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ