Дар як шабонарӯз дар Эрон беш аз 2,5 ҳазор мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд

Дар як шабонарӯз дар Эрон беш аз 2,5 ҳазор мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Симо Содот Лорӣ, намояндаи расмии вазорати тандурустии Эрон имрӯз, 14 июл дар мусоҳибаи шабакаи телевизионии IRINN гуфт, ки дар 24 соати гузашта дар ин кишвар 2 ҳазору 521 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.
Ба гуфтаи Лорӣ, ҳоло шумори кулли гирифторони COVID-19 дар Эрон ба 262 173 нафар расидааст.
Рӯзи гузашта 179 нафар бемор дар ин кишвар вафот карданд ва шумори кулли қурбониён ба 13 211 нафар расид.
Дар зимн, шумори шифоёфтагон 252 270 нафар аст.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ