Ҳаҷми интиқоли пул ба Ӯзбекистон дар ним сол 6 дарсад кам шуд


Дар нимаи аввали соли равон аз кишварҳои хориҷӣ ба Ӯзбекистон 2,4 миллиард доллар пул интиқол ёфт. Ҳаҷми интиқоли пул ба Ӯзбекистон дар муқоиса бо нимаи аввали соли гузашта 6 дарсад коҳиш ёфт.
Дар ин бора маркази матбуотии Бонки марказии кишвар хабар дод.
Дар ин муддат аз Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷӣ 427 миллион доллар фиристода шуд, ки ин шумор дар муқоиса бо нимсолаи аввали 2019 нӯҳ дарсад камтар аст.
Аз моҳи май ба ин сӯ ҳаҷми интиқоли пул ба Ӯзбекистон афзоиш меёбад.
Дар моҳи март $296 миллион, дар моҳи апрел $250 миллион, дар моҳи май $485 миллион ва дар моҳи июн $621 миллион аз кишварҳои хориҷа ба Ӯзбекистон интиқол ёфт.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ