Дохил шудани донишомӯз ба донишгоҳ миқдори музди омӯзгорро муайян хоҳад кард

Дохил шудани донишомӯз ба донишгоҳ миқдори музди омӯзгорро муайян хоҳад кард


Аз соли таҳсили 2020-2021 дохил шудан ё нашудани донишомӯзони мактабҳо ба миқдори музди омӯзгорон таъсир мекунад. Дар ин бора Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҷаласаи бобати афзоиш додани шуғли ҷавонон ва занону духтарон, таъмин кардани онҳо бо манбаъи даромад эълом кард.
Дар ҷаласа ҷалби хатмкардагони мактаб ба идомаи таҳсил ва кор баррасӣ шуд. Соли ҷорӣ 452 нафар донишомӯз мактабро хатм кард. 70 ҳазор нафар аз онҳо ба донишгоҳҳо дохил мешаванд, 85 ҳазор нафар дар коллежу литсейҳо таҳсилро идома медиҳанд, беш аз 95 ҳазор нафар кор хоҳанд кард. Бо ин ҳама тақрибан 200 ҳазор нафарро бояд бо ягон шуғле таъмин кардан зарур аст.
Гуфта мешавад, ки акнун системаи омӯзиши касб аз мактаб оғоз мегардад. Аз соли таҳсили оянда бо назардошти дохил шудани донишомӯзон ба донишгоҳ ва соҳиби ихтисосу шуғл шудани онҳо ба мудир ва омӯзгорони мактаб музди дода мешавад.
Бо ин мақсад аз синфи 7-ум ба кадом касбу шуғл майлу алоқа доштани донишомӯзон муайян мегардад ва дар синфҳои 8-9 ба онҳо омӯхтани сиру асрори касбҳое ба мисли тарроҳӣ, тарҷумонӣ ва ғайра роҳандозӣ мегардад. Донишомӯзон дар синфи 10 касбҳое, ки талаб ба онҳо зиёданд, аз ҷумла робототехника ва ғайраро меомӯзанд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ