Мирзиёев ба ҳокимон: Саҳар аз соати 8.00 то 9.00, шабона аз 21.00 то 22.00 дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба саволҳо ҷавоби мукаммал медиҳед


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҷаласаи рӯзи гузашта дар бораи вазъияти эпидемиологӣ суханронӣ кард ва ба ҳокимон вазифа дод.
Раисҷумҳур гуфт, “Бори дигар мехоҳам бигӯям, махсусан ба роҳбарони шаҳри Тошканд ва ҳамаи ҳокимон – худи шумо бояд дар бораи ҷорӣ кардани карантин ва нарму сахттар кардани он ва инзиво (изолятсия) кардани ягон минтақа қарор қабул кунед”.
Ӯ афзуд, “Роҳбарии асосии роҳбарон ин аст, ки дар чунин шароити вазнин роҳи беҳтаринро ёбанд. Роҳи беҳтаринро худи роҳбари минтақа медонад. Роҳбарони ноҳияву шаҳру вилоятҳо медонанд”.
Мирзиёев гуфт, “Вазифа ба ҳокимон ин аст – Саҳар аз соати 8 то 9 ва шабона аз 21 то 22 дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба саволҳо посухи мукаммал медиҳед. Мардуми мо бояд аз ҳама чиз хабардор бошанд. Ба ин таваҷҷӯҳ хоҳем кард”.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ