Бемористони махсуси Зангиота, ки ҳафтае пеш ба кор шурӯъ кард, бо гирифорони COVID-19 пур шуд

Бемористони махсуси Зангиота, ки ҳафтае пеш ба кор шурӯъ кард, бо гирифорони COVID-19 пур шуд


Бемористони бемориҳои сироятии ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд, ки метавонад то 1000 нафарро қабул кунад, бо мубталоёни коронавирус пур шуд. Ин бемористон ҳафтае пеш кори худро шурӯъ карда буд. Дар ин бора Ҳабибулло Оқилов, узви ситоди (штаби) вазорати ҳифзи тандурустии кишвар хабар дод.
Оқилов ба саволҳое бобати вазъияти эпидемиологӣ, афзоиш ёфтани омори (статистика) марг бар асари COVID-19 ва ғайра ҷавоб дод.
Ӯ гуфт, “Вазорати ҳифзи тандурустӣ омори маргро кам нишон намедиҳад. Мо аз ин ягон фоидае надорем. Вале мумкин аст, ки баъзе аз фавтидагон барои ташхиси коронавирус тест супурда бошанду беморӣ бо натиҷаи таҳлил тасдиқ нашуда бошад. Агар далели марг бар асари коронавирусро надошта бошем, наметавонем бигӯем, ки фалонӣ қурбони коронавирус шуд”.
Оқилов афзуд, “Дар Ӯзбекистон мубталоёни коронавирус дар 16 бемористон муолиҷа мешаванд. Аз оғози фаъолияти бемористони Зангиота то ҳол 10 рӯз сипарӣ нашуд, вале ҳоло он пур аз беморон аст”.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло як қисми бемористони Зангиота сохта шудааст. Вақте, ки бемористон комилан бунёд мешавад, метавонад 1000 нафар бемори дигарро қабул кунад. Яъне якбора то 2 ҳазор нафар бемор дар бемористон муолиҷа хоҳанд шуд. Бинои якуми бемористон 6 июли соли ҷорӣ барои 1000 нафар бемор ба баҳрабардорӣ расид.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ