Генерали Озарбойҷон дар натиҷаи тирандозиҳо дар марзи арману озарӣ кушта шуд

Генерали Озарбойҷон дар натиҷаи тирандозиҳо дар марзи арману озарӣ кушта шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Бино ба иттилои “Интерфакс”, дар натиҷаи даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Арманистон ва Озарбойҷон, ки тайи чанд рӯзи охир идома дорад, ду нафар низомии баландрутбаи озарӣ қурбон шуданд, ки якумӣ Полад Ҳашимов – генерал-майор ва дувумӣ Илғор Мирзеев – полковник мебошад.
Дар ин бора Карим Велиев, муъовини вазири мудофиаи Озарбойҷон хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзи 12 июл то 100 нафар сарбози арманӣ кушта шуданд.
Вагиф Дяргахли, раиси маркази матбуотии вазорати мудофиаи Озарбойҷон гуфт, ки рӯзҳои 12-14 июл 11 нафар афсару сарбози озарӣ дар ҷанг ҷон бохтанд.
Манбаъ: Коммерсантъ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ