Мувофиқи қарори комиссияи махсуси вилояти Самарқанд, бо мақсади таъмини барқарории вазъияти санитариву эпидемиологии вилоят ва ташкил кардани муассисаҳои тиббӣ барои карантин, санаторияҳои «Устоз»-и ноҳияи Оқдарё ва «Марварид»-и Каттақӯрғон ҳамчун объектҳои карантинӣ интихоб шуданд.
Дар ин муассисаҳо онҳое, ки бо беморони гирифтори коронавирус мулоқот кардаанд, ҷойгир карда мешаванд.
