Дипломи донишгоҳҳоии Белорус дар Ӯзбекистон эътироф мешавад


Тавофуқномаи Ӯзбекистон ва Белорус дар бораи эътирофи дипломи таълими олии ҳамдигар ба иҷро даромад. Дар ин бора маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки дар чорчӯби сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон моҳи августи соли гузашта ба Белорус ин тавофуқнома имзо шуда буд.
Тавофуқнома ба донишҷӯёни як кишвар интиқоли (кӯчондан) таҳсил ба донишгоҳҳои кишвари дувумро медиҳад. Ҳамчунин барои шаҳрвандони ду тараф, ки таҳсилро дар кишвари ҳамдигар идома медиҳанд, монеъаҳои бюрократӣ аз байн мераванд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ