Рӯҳонӣ: Авҷи дувуми коронавирус дар Эрон идома дорад

Рӯҳонӣ: Авҷи дувуми коронавирус дар Эрон идома дорад

  • Post category:Ҷаҳон


Дар ҳоли ҳозир дар Эрон мавҷи дувуми пандемияи коронавирус мушоҳида мешавад. Дар ин бора имрӯз Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури ин кишвар дар мусоҳибаи телевизионӣ гуфт.
Ба гуфтаи Рӯҳонӣ, мавҷи дувум рӯзи 14 июн оғоз шуд.
Ӯ афзуд, ки ин бор бештар дар қисмати ҷанубии Эрон ва минтақаҳои марзии ғарби кишвар гирифторӣ ба коронавирус сабт мешавад.
Рӯҳонӣ эътироф кард, ки мавҷи дувум аз якум пурзӯртар буд.
Раисҷумҳури Эрон таъкид кард, ки баъди поён ёфтани мавҷи аввал мардум фикр карда буданд, ки эпидемияи паси сар шуд ва ибрози умед кард, ки мавҷи дувум дар моҳи оянда ба поён мерасад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ