Дар ИМА натиҷаҳои озмоиши ваксинаи зидди коронавирус мунташир шуд

ъ
Дар ИМА нахустин марҳилаи озмоиши ваксина дар одамон ба поён расид. Натиҷаҳои озмоиш дар маҷаллаи New England Journal of Medicine чоп шуд.
Дар озмоиши ин ваксина, ки ширкати Moderna онро месозад, 45 нафар довталаб иштирок карданд. Онҳо ба 3 гурӯҳи 15-нафарӣ тақсим шуданд. Нафарони гурӯҳи аввал 25-грамӣ, гурӯҳи дувум 100-грамӣ ва нафарони гурӯҳи савум 250-грамӣ ваксинаро 2 бор бо фосилаи 28 рӯз қабул карданд. Ваксина дар бадани одамони ҳар се гурӯҳ мутаносибан бо миқдори дору антибодӣ ҳосил кард.
(Антибодӣ – навъи сафедаест, ки аз ҳуҷайраҳои плазмаии системаи иммун барои аз байн бурдани микроб, замбурӯғ, паразитҳои бисёрҳуҷайра ва вирус ҷудо мешаванд.)
Баъдӣ қабули такрории ваксина шумори антибодиҳо чандин барбоар афзоиш ёфт. Дар бадани одамоне, ки миқдори камтарини ваксинаро қабул карда буданд, афзоиши антибодиҳо бештар буд.
Дар марҳилаи дувуми озмоиш 30 ҳазор нафар довталаб иштирок хоҳанд кард.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ