Беҳзод Мусаев: Ҳангоми мубориза бар зидди пандемия стратегияи дирӯза ба талаботи имрӯза ҷавоб дода наметавонад


Дар шаҳри Тошканд 135 то мошини ёрии таъҷилӣ амал мекунанд ва дар марҳилаи аввал боз 50 то мошини ёрии таъҷилӣ дар муддати ду рӯз муҷаҳҳаз карда мешаванд. Шумораи кормандон дар маркази коркарди зангҳо дар пойтахт аз 40 то 100 нафар мерасанд.

  • Тактика ва стратегияи дирӯзаи мубориза бар зидди коронавирус дар Ӯзбекистон алалхусус, дар шаҳру вилояти Тошканд ба талаботи имрӯза тамоман ҷавобгӯ нест, — гуфт ҷонишини сарвазир Беҳзод Мусаев. — Агар мо аввал вирусро муайян карда, баъд ба табобат гузарем, вазъияти имрӯза нишон медиҳад, ки ба кӯмаки таъҷилӣ ниёз дорем.
    Инчунин, ҳоло ба шифохонаҳои Тошканд 750 телефонҳои мобилӣ пайваст карда шуданд. Шифокорон дар як рӯз се маротиба ба беморони дар шароити хона табобат мегиранд, муроҷиат намуда, оиди ҳолати онҳо пурсон мешаванд ва маслиҳатҳои зарурӣ медиҳанд.
    Ҷонишини сарвазир инчунин қайд кард, ки вазифаи ташаккули захираи доруворӣ ва таҷҳизоти муҳофизатӣ дар ҷамъомади видеоӣ бахшида ба баррасии вазъияти пандемия гузошта шуд.
    Бояд гуфт, ки рӯзи 15-уми июл президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади видеоӣ оид ба баррасии вазъияти пандемия, вазнинии вазъиятро дар Тошканд ва вилояти Тошканд қайд кард ва чораҳои бартарафсозии мушкилотро муайян кард.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ