Кӯдаки навзод дар маросими дафнаш гиря кард

Навзодеро, ки пизишкони яке аз зоишгоҳҳои Ҳиндустон мурда пиндоштанд, дар маросими дафнаш ба гиря омад, хабар медиҳад Times of India.
Ҳодисаи мазкур дар шаҳри Гогунда рух додааст. Зани ҳомила рӯзи 9 — уми июл духтарчаеро таваллуд кард, аммо ҳамшираи шавқат иштибоҳан ба далели мурда будани кӯдак ӯро барои дафн намудан ба хешовандонаш супурд.
Аснои омодагӣ ба маросими дафни навзоди ӯ ба гиря омадааст.
Манбаъ меафзояд, падари навзод фавран мошини Ёрии таъҷилиро даъват кард, аммо пизишкон бо гузашти як соат ба макони ҳодиса расиданд, ки духтарча аллакай ҷон дода буд.
Акнун пайвандони навзод духтуронро дар марги фарзанди худ муттаҳам мекунанд. Ба изҳори онҳо, кӯдак дар асл зинда таваллуд шуд, аммо ба далели хунукназарии табибон ӯ ҷон бохт.
Дар ҳамин ҳол, духтурон гуноҳи худро рад карда, изҳор доштанд, ки хешовандон ҷасади навзодро бидуни расман эълон кардани марги ӯ гирифтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ