Беш аз 2000 нафар ӯзбекистонӣ дар сарҳади Россияву Қазоқистон ҷамъ омада буданд, ба Ватан баргаштанд


Зиёда аз 2000 нафар ӯзбекистонӣ, ки дар сарҳади Россияву Қазоқистон ҷамъ омада, бо ризогии давлати Россия аз сарҳад гузашта, бо се поезди мусофиркашон ба Тошканд оварда шуд. Дар ин бора, аз хизмати матбуоти ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» хабар дод.
Ду поезд бо 1404 нафар мусофир аз Кинел ва як поезди дигар бо 702 нафар мусофир аз истгоҳи Бузулук ба ҳаракат даромадааст. Билетҳо танҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон фурӯхта шудааст. Арзиши чиптаҳои хатсайри Бузулук — Тошканд 1,2 миллион сӯм (8500 рубл) ва чиптаҳои хатсайри Кинел-Тошканд 1,45 миллион сӯм (10,000 рубл) арзиш доранд.
Дар роҳ поездҳои мусофирбар танҳо барои муоинаи техникӣ боздошта мешаванд, яъне ба мусофирон иҷозати вуруд ба платформа дар истгоҳҳо дода намешавад.
Инчунин, қайд мегардад, ки поездҳои мазкур таҳти назорати Гвардияи миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати тандурустӣ оварда мешаванд.
«- Хешовандон ва дӯстони мусофироне,ки бо ин поездҳо меоянд, набояд ба дидорбинӣ бароянд. Ҳамаи мусофирон пас аз омадан ба минтақаҳои карантини дар Намангон ва Тошканд фиристода мешаванд»- гуфта мешавад дар хабар.
Хотиррасон мекунем, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади видеоии рӯзи 14-уми июл гуфта буд, ки барои бо поездҳо овардани шаҳрвандонамонро аз давлати Россия чораҳо андешида мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ