Олимони амрикоӣ: соли 2076 аҳолии Ӯзбекистон ба авҷи афзоиши худ – 44,99 миллион нафар — мерасад

14 июл маҷаллаи тиббии «The Lancet»-и Британия натиҷаҳои тадқиқоти олимони амрикоиро, ки барои 195 давлату ҳудуди ҷаҳон дар самти пешгӯии таваллуд, фавт, муҳоҷират ва аҳолӣ аз соли 2017 то соли 2100 анҷом дода шудааст, нашр намуд. Тибқи ин тадқиқот, шумораи аҳолии кураи Замин то соли 2064 зиёд шуда, тақрибан ба 9,73 миллиард нафар мерасад ва баъдан ин нишондод тадриҷан коҳиш ёфта, то соли 2100 8,79 миллиардро ташкил хоҳад дод. Ҳамчунин сатҳи миёнаи таваллуд ба як зан низ, бино ба пешгӯии олимон, дар ҷаҳон то соли 2100 аз 2,4 тақрибан то 1,7 кӯдак паст мешавад.
Тавре таҳқиқ шудааст, афзоиши аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2100 ба авҷи худ мерасад ва он зиёда аз 138,9 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар ин минтақа дар маҷмӯъ ҳамчунин сатҳи миёнаи таваллуд ба як зан аз 2,47 кӯдак то 2,14 поён меравад.
Дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ авҷи аҳолӣ то соли 2100 пешгӯӣ шуда, он мутаносибан 30,28 миллион, 12,45 миллион ва 8,96 миллион нафарро ташкил хоҳад дод.
Авҷи афзоиши аҳолӣ дар Чин, Ӯзбекистон ва Афғонистон мутаносибан солҳои 2024, 2076 ва 2099 пешгӯӣ шудааст. Соли 2024 аҳолии Чин ба 1 миллиарду 431,91 ҳазор нафар расида, баъдан то соли 2100 48,9% коҳиш меёбад ва то 731,89 миллион нафар поён меравад. Ҳамчунин сатҳи миёнаи таваллуд ба як зан дар он аз 1,53 дар соли 2017 то 1,47 дар соли 2100 коҳиш меёбад.
Соли 2076 аҳолии Ӯзбекистон ба авҷи афзоиши худ – 44,99 миллион нафар — мерасад ва то соли 2100 ба миқдори 0,81 миллион кам шуда, 44,18 миллион нафарро ташкил хоҳад дод. Аҳолии Афғонистон то соли 2099 ба 129,78 миллион нафар ва то соли 2100 ба 129,77 миллион нафар мерасад. Ҳамзамон нишондоди сатҳи миёнаи таваллуд ба як зан дар ин кишвари ҳамсоя ба маротиб коҳиш меёбад ва аз 6,01 кӯдак дар соли 2017 то 1,65 кӯдак поён меравад.
Дар Россия шумораи аҳолӣ, бино ба натиҷаҳои тадқиқот, аз 146,19 миллион дар соли 2017 то ба 106,45 миллион нафар дар соли 2100 коҳиш меёбад, яъне ба гуфтаи олимон, авҷи афзоиши аҳолӣ дар ин давлат аллакай гузаштааст.
Ба андешаи олимон, сабабҳои асосии чунин дигаргуниҳои демографӣ дар ҷаҳон паҳншавии маълумот, пеш аз ҳама, дар байни занон ва истифодаи фарохи усулҳои пешгирии ҳомиладоршавӣ (контрасепсия) дар Африқо, Шарқи Наздик ва баъзе давлатҳои Осиё мебошанд.
Тавре пешгӯӣ мешавад, новобаста аз коҳиш ёфтани сатҳи миёнаи таваллуд ба як зан дар ҷаҳон то 1,7 кӯдак дар баъзе кишварҳо, ба вижа дар манотиқи Африқо, Шарқи Миёна ва Осиё, нишондоди мазкур аз 2,0 кӯдак зиёд боқӣ хоҳад монд. Аз ин минтақаҳо, тибқи пешгӯиҳои олимон, муҳоҷирони зиёд ба Аврупо ва Амрико мераванд, ки имкон медиҳанд «талафот»-и кишварҳои пешрафтаро аз рӯи аҳолӣ ҷуброн кунанд.
Тибқи фарзияи манфӣ, шумораи аҳолӣ то 6,3 миллиард нафар коҳиш хоҳад ёфт, яъне ҳатто камтар аз теъдоди имрӯза хоҳад шуд. Дар баробари ин, дар пешгӯиҳои худ олимон амалан нишондиҳандаҳои дар оянда маълуми таваллуду давомнокии умр ва таъсири сатҳи маълумотнокӣ ва паҳншавии усулҳои пешгирии ҳомиладоршавӣ ба онҳоро бе назардошти таъсири эҳтимолии омилҳои пешгӯинашавандаи ҷаҳонӣ, ба монанди ҷангҳо, пандемия ва тағирёбии иқлим таҳлил кардаанд.
Бояд тазаккур дод, ки тадқиқоти мазкур аз ҷониби олимони амрикоӣ бо роҳбарии Кристофер Мюррей аз Донишгоҳи Вашингтон анҷом дода шуда, дар он раванди афзоиш ёфтани шумораи аҳолии 195 кишвар ва ҳудуди ҷаҳон аз соли 2017 то 2100 таҳқиқ гардидааст.
Дар тадқиқоти худ олимон ба маълумотҳо дар бораи қобилияти репродуктивӣ, муҳоҷират ва фавт, ки дар рафти лоиҳаи Global Burden of Disease (GBD) ҷамъоварӣ шудаанд, такя кардаанд. Аз ҷиҳати фарогирии миқёс ин яке аз бузургтарин тадқиқотҳо дар самти аҳолӣ мебошад, ки аз ҷониби коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ва Институти омӯзиши метрикаи саломатии Амрико (Сиэтл) бо дастгирии Бунёди Билл ва Мелинда Гейтс гузаронида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ