Содироти газ ба Русия қатъ шуд ва ба Чин 3 баробар коҳиш ёфт

Содироти газ ба Русия қатъ шуд ва ба Чин 3 баробар коҳиш ёфт

  • Post category:Ҷаҳон


Вазъияти нопойдори бозори ҷаҳонӣ, ки яке аз пайомади пандемияи коронавирус боиси қатъи содироти гази Ӯзбекисто ба Русия шуд. Ҳамчунин, содирот ба Чин 4 баробар коҳиш ёфт. Дар ин бора дар ҷаласае, ки бо роҳбарии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури кишвар баргузор гардид, гуфта шуд.
Мирзиёев дар ҷаласа гуфт, “Дар даврони падемия бо назардошти коҳиши якбораи содироти газ бояд лоиҳаҳои нав ба навро амалӣ гардонем. Мо дар пардозиши (переработка) маводди хоми худ ба камбудиҳои назаррас роҳ медиҳем”.
Раисҷумҳур таъкид кард, ки бо амалӣ кардани лоиҳаҳои калон, ҳамзамон тавлиди маҳсулоти ҷойгузини воридот бояд ба роҳ андохта шавад.
Мирзиёев дар ин ҷаласа бо лоиҳаҳои нави кимиёи нафту газ, электротехника ва дорусозӣ ошно шуд. Ҳамчунин, масъулон дар бораи рушди бахшҳои гуногун ба раисҷумҳур ҳисобот доданд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ