Ба ҳокими ноҳияи Самарқанд ҷонишин таъин гардид

Дар асоси қарори ҳокими ноҳияи Самарқанд Н.Мавлонов таҳти рақами 8-Қ аз 16-уми июли соли 2020 Шодиева Зебинисо Нурмамадовна ба вазифаи ҷонишини ҳокими ноҳия доир ба сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва корҳои маънавӣ-маърифатӣ тасдиқ гардид.
З.Шодиева то имрӯз дар вазифаи сарвари Садорати Маркази тадқиқоти илмӣ-амалии «Оила»-и назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон кор мекард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ