Гирифторони каронавирус дар Бразилия ба ду миллион расид

Тибқи маълумотҳои Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, то 17 июл, шумораи шахсони сироятёфтаи коронавирус дар Бразилия ба зиёда аз ду млион расидааст.
Гуфта мешавад, ки давоми як рӯзи охир дар ин кишвар, 45 403 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 1322 бемор фавтидаанд ва шумораи умумии фавтидаҳо ба 76 688 нафар расидааст.
Бояд гуфт, ки Бразилия пас аз Иёлоти Муттаҳида аз рӯи сироятёби дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ