АХБОРИ КОМИССИЯИ МАХСУСИ ҶУМҲУРИЯТИ

*Бемороне,ки аз коронавирус дар хона табобат мегиранд,бо дорувори бемузд таъмин карда мешаванд.

Рӯзи 16 — уми июл бо сарварии Сарвазир Абдулло Арипов ҷамъомади Комиссияи махсуси ҷумҳуриятӣ роҷеъ ба мубориза бар зидди коронавирус баргузор гардид.

Дар ҷамъомади комиссия роҷеъ ба бо дорувори бемузд таъмин кардани бемороне,ки аз коронавирус дар хона табобат мегиранд,қарор қабул карданд. Рӯихати доруворе,ки ба онҳо расонида мешавад,тасдиқ гардид.

** Аз ин рӯ ба бемороне,ки аз коронавирус дар хона табобат мегиранд,аз рӯи меъёр расондани дорувореро чун»Гидроксихлорохин»,»Азитром итсин»,» Паратсетамол»,» Витамин С» ва як маротибаина ниқобҳои тиббӣ аз рӯи меъёрҳо ба роҳ монда мешавад.Ба бемороне,ки натиҷаи тест роҷеъ ба инфексияи коронавирус мусбат аст ва аз сабаби сабук гузаштани беморӣ бо тавсияи шифокорон дар хона табобат мегиранд,бо воситаҳои тиббии мазкур бемузд таъмин карда мешаванд.

Дар ҷамъомад ба Вазорати тандурустӣ ва идораҳои дахлдор бо тезӣ ҷамъ овардани 50 ҳазор маҷмӯи дорувори мазкур ва ба роҳ мондани сохтори ба хонаи беморон расонда додани он супурда шуд.

Шӯъбаи робита бо ҷамоатчигии Вазорати тандурустӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ