“Лашкар”-и малахҳо ба ҳазорон ҳектор замини Чин ҳамла кард


Тӯдаи малах то ҳол 8096 ҳазор ҳектор замини вилояти Юннани Чинро, ки дар ҷануби ғарбии ин кишвар ҷойгир аст, “ишғол” кард. Дар ин бора хабаргузории Синхуа гузориш дод.
Шаҳри Пуэри минтақа аз ҳамлаи малах бештарин осебро дид. Дар 8018 ҳектор замини ин шаҳр тӯдаи малах паҳн шуд.
Ҳукумати маҳаллӣ барои мубориза бо малах чораҳои гуногунро амалӣ мекунад. Истифодаи доруҳои кимиёӣ ва биологӣ аз ин ҷумлаанд. Бо ёрии дронҳо ба майдонҳо доруи кимиёии офаткуш (пестицид) мепошанд. Бо ин усул аз 28 июн то имрӯз ҳудуди 6938 ҳектор заминро аз малах поку тоза карданд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ