77-умин қурбони коронавирус дар Ӯзбекистон

77-умин қурбони коронавирус дар Ӯзбекистон


Вазорати ҳифзи тандурустии Ӯзбекистон дар бораи 77-умин қурбони COVID-19 дар кишвар хабар дод.
Бонуи 62-сола, сокини ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд рӯзи 8 июл бо ташхиси COVID-19 дар бемористони рақами 1-и шаҳр бистарӣ шуда буд.
Мулоиҷаи бемор бар асоси пешниҳодҳои мутахассисон ба роҳ андохта шуда буд.
Бо вуҷуди ҳама кӯшишҳо, шифокорон натавонистанд ӯро аз чанги COVID-19 раҳо кунанд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ