Боздошти сайёҳ барои таҳдид ба меҳмонони тарабхона

Боздошти сайёҳ барои таҳдид ба меҳмонони тарабхона

Як сайёҳи бритониро дар Испания барои сӯи мардуми тарабхона сулфа задан, боздошт намуданд, хабар медиҳад The Daily Mail.
Ҳодиса дар минтақаи машҳури сайёҳии Санта Каталина рух додааст. Якчанд меҳмонони тарабхона ба пулис муроҷиат карда, гуфтанд, ки як марди маст дар байни мизҳо роҳ рафта, сӯи одамон сулфа намуда, таҳдид мекард, ки ҳамаро бо COVID-19 сироят мекунад.
Зимнан, марди 43 — сола бо дидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хост фирор кунад, аммо онҳо тавонистанд ӯро боздошт ва ба шӯъбаи пулис интиқол диҳанд. Гуфта мешавад, дар шӯбаи пулис ташхиси сайёҳ аз коронавирусро санҷиданд ва натиҷаи он манфӣ баромад.
Акнун, сайёҳи бритонӣ танҳо барои муқовимат нишон додан ба кормандони пулис муттаҳам мешавад.
Манбаъ меафзояд, дар сурати мусбат баромадани ташхиси ӯ аз коронавирус, нисбаташ айбнома эълон мешуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ