Гирдиҳамоии муҳоҷирони кории Ӯзбекистон дар Санкт-Петербург

Гирдиҳамоии муҳоҷирони кории Ӯзбекистон дар Санкт-Петербург


Гурӯҳи муҳоҷирони ӯзбекистонӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар сохтусози бинои баландошёни “Лахта Центр” ширкат мекарданд, бо мақсади дарёфти музди иловагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС ба нақл аз ширкати “Ренесанс Констракшн”, ки ин биноро месозад, хабар додааст.
Як намояндаи “Ренессанс Констракшн” гуфт, “Ширкат аз рӯи пардохти музди коргарон ва дигар маҷбуриятҳои иҷтимоӣ қарзе надорад. Дар ҳоли ҳозир талаби музди иловагии коргарон баррасӣ мешавад”.
Гуфта мешавад, ки аксарияти ин коргарон шаҳрванди Ӯзбекистон ҳастанд. Дар айни ҳол намояндагони ширкат ва консули Ӯзбекистон дар Санкт-Петербург дар ҷойи ҳодиса ҳузур доранд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар вилояти Амур муҳоҷирони ӯзбекистонӣ ба иллати нагирифтани музди худ гирдиҳамоӣ карда буданд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ