Ҳозир, таҳти раисии Президент Шавкат Мирзиёев ҷамъомади видеоии навбатӣ баргузор мегардад.

Ҳозир, таҳти раисии Президент Шавкат Мирзиёев ҷамъомади видеоии навбатӣ баргузор мегардад.

⚡️ Сараввал, роҳбари давлатамон вазъияти коронавирусро баррасӣ намуд.
«Вазъият ҳанӯз ҳам ҷиддӣ аст. Аз ин рӯ, ҳеҷ як роҳбари ҳудуд ҳақ надорад бигӯяд, ки мо дар ҳолати хуб қарор дорем. Дар ҳама ҷо камбудиҳо ҳастанд.

Вазифаи муҳимтарини мо саривақт муайян кардани онҳо ва барои бартарафсозӣ андешидани чораҳои фаврӣ мебошад.
Мо як ҳақиқатро набояд фаромӯш созем: мақоли халқии агар бемориро пинҳон кунед, табларза ошкор мешавад, гӯё маҳз барои каронавирус гуфта шудааст. Агар мо ба ин хатар бепарво бошем, саломатӣ ва сарнавишти ҳазорон нафарро ба хатар мегузорем ва вазъияти мо бадтар мешавад. Аз ҳама бадаш шумораи фавтидагон якбора меафзояд.
Дар ин мубориза системаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ, сафарбарии доимӣ ва кори самарабахши тамоми оҷонсиҳо, садоқати табибон, шуури мардум бояд силоҳи асосии мо бошанд », — гуфт Президент.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ