Борис Ҷонсон умедвор аст, ки Британия қабл аз соли нави мелодӣ ба зиндагии одатӣ бармегардад

Борис Ҷонсон умедвор аст, ки Британия қабл аз соли нави мелодӣ ба зиндагии одатӣ бармегардад

  • Post category:Ҷаҳон


Борис Ҷонсон, сарвазири Британияи Кабир дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳукумат аз бозгашти мардум ба зиндагии одатӣ пеш аз ҷашни Мелоди Масеҳ (Рождество) умед дорад.
Ҳамчунин ӯ гуфт, ки карантин дар Британияи Кабир марҳила ба марҳила нармтар хоҳад шуд.
Аз ҷумла, аз моҳи август марказҳои варзишӣ боулинг-клубҳо, казиноҳо ва толорҳои зебоӣ дарҳои худро ба муштариён боз мекунанд ва пешниҳодҳои нав бобати кор дар офисҳо эълом хоҳад шуд.
Ҳамчунин, ҳукумати Британияи Кабир мехоҳад аз моҳи сентябр ба фаъолияти кӯдакистону мактаб ва коллеҷҳо ва аз моҳи октябр ба баргузории конфронс ва консертҳо дар биноҳои сарпӯшида иҷозат бидиҳад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ