Замони оғози соли таҳсил дар Тоҷикистон тағйир ёфт

Замони оғози соли таҳсил дар Тоҷикистон тағйир ёфт

  • Post category:Ҷаҳон


Маҳмадюсуф Имомзода, вазири таҳсил ва улуми Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ эълом кард, ки соли таҳсил дар кишвар 17 август оғоз мешавад. Паҳншавии COVID-19 дар Тоҷикистон далели тағйири ҷараёни таҳсилот шуд.
Имомзода гуфт, ки донишомӯзони мактаб ва донишҷӯён то 1 сентябр мавзӯъҳои гузаштаро такрор мекунанд, то баъди истироҳати дарозмуддат ба таҳсил мутобиқат кунанд.
Вай афзуд, ки дар сурати авҷи дубораи коронавирус ва ҷорӣ шудани режими инзиво (изолятсия) таҳсил аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ идома хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки соли таҳсил дар Тоҷикистон 27 апрел қатъ шуда буд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ