Якумин нишасти видеоконфронсии вазирони «Осиёи Марказӣ – Чин» баргузор гардид

Якумин нишасти видеоконфронсии вазирони «Осиёи Марказӣ – Чин» баргузор гардид

16 июл бо ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин якумин нишасти вазирони сиғаи «Осиёи Марказӣ – Чин» дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин абзори нав дар бораи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19, барқароркунии иқтидори иқтисодӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зикр гардид, ки ҳамагирии COVID-19 башариятро бо таҳдид ва чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст. Ба ин муносибат,аз давлатҳои иштироккунанда даъват шуд, то дар мубориза бо пайомадҳои ҳамагирӣ бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда муттаҳид шаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ