Писараки 6-сола ҳаёташро дар хавф гузошта, хоҳарчаашро аз саг халос кард

Дар штати Вайоминои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико писараки 6-сола Брижер Уокер хоҳарчаашро, ки саг ҳуҷум карда буд, халос кард. Дар ин бора аммаи писарак Никки Уокер дар саҳифаи instagram-и худ сухан кардааст. Воқеа рӯзи 9-уми июл рух дод. Саги дарғазаб тарафи хоҳарчаи Брижер давид. Брижер пеш баромада, намонд, ки саг хоҳарчаашро газад. Саг рӯй ва сари писаракро газид. «Агар касе мурданаш лозим бошад, вай ман шуданам даркор» гуфтааст, писараки далер Брижер.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ