Рӯзи 18-уми июл дар ҷаҳон чӣ рӯй дод?

Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандел.

Дар Испания- Рӯзи меҳнат.

Дар Русия- Рӯзи хизматчиёни хадамоти ҳифзи ҳуқуқи корҳои дохилӣ.

Дар Уругвай – Рӯзи Конститутсия.

Cоли 1916 иттифоқҳои касабаи Англия ба мувофиқа расиданд, ки ҳангоми амалиёти ҷангӣ таҷлил намудани ҷашнҳо манъ карда шавад.

Cоли  1923 мувофиқи қонуни модаршоҳӣ ба занони британиягӣ ҳангоми ҷудошавии  оилаҳо ҳуқуқи бо мардон баробар дода шуд.

Cоли 1948 дар Коста-Рика фаъолияти Ҳизби коммунистӣ қатъ карда шуд.

Cоли 1985 аввалин «Тетрис» сохта шуд. Он яке аз бозиҳои машҳури компютерӣ мебошад, ки аз ҷониби  барномасози рус Алексей Пажитнов сохта шудааст.

Соли 1950   Англия содироти нафтро ба Чин манъ кард.

Соли 1968  ширкати «Intel» таъсис дода шуд.

Соли 1872 дар Британияи Кабир аввалин маротиба дар интихобот овоздиҳии пинҳонӣ ба қайд гирифта шуд.

Соли 1931 дар Америка аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киштие, ки дар он ҳавополо (кондиционер) насб гардида буд, ба ҳаракат даромад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ