Дар иншооти обии «Равотхӯҷа» ҳайкали қаҳрамони кӯҳкан — Фарҳод гузошта шуд

Аз тарафи Садорати истифодаи сохтори магистралии Зарафшон боз як амали сазовори таҳсин иҷро гардид.
Дар саҳни ҳавлии бинои маъмурии иншооти оби «Равотхӯҷа» ҳайкали «Фарҳод» гузошта шуд, ки дар достони машҳури «Фарҳод ва Ширин»-и мутафаккир, олим, шоири бузурги зуллисонайн чун образи инсони меҳнатдӯст, раиятпарвар, ҷасур ва мард, ҳалол ва камтар намоён шуда, бо нерӯи даст кӯҳро шикоф карда, об овардааст ва дар дили мардум ба сифати қаҳрамон ҷой гирифтааст.
Ин дар дили кормандони ин соҳа ва ҷавононе, ки қадами аввалини худро дар ин самт мегузоранд, эҳсоси ғурур ва ифтихорро пурзӯр намуда, чун «Қаҳрамоне, ки ба халқ об овардааст» дар хотирот нақш мебандад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ