Шаҳду шакари сӯҳбату анҷуманҳо

Шаҳду шакари сӯҳбату анҷуманҳо

  • Post category:Фарҳанг

Латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандиро ҳама дӯст медорад. Онҳо ҳамроҳу ҳамнафаси зиндагонии мо мебошанд.
Таклифи ба рӯйхати мероси ғайримоддиву мадании ЮНЕСКО дохил кардани «Латифаҳои Насриддин Афандӣ» айни муддаост. Ин ташаббусро Тоҷикистон якҷоя бо Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркия пешниҳод карданд.
Мардуми мо аз азал чақ-­чақу сӯҳбатҳоро дӯст медорад. Дар рафти сӯҳбат баробари огоҳӣ ёфтан аз ҳолу аҳволи якдигар мақолу зарбулмасал ва ё суханҳои ҳикматомези фоиданоки зиндагонӣ мешунаванд. Агар дар ин гуна анҷуманҳо ягон шахси зарифу ҳазлкаш латифа ва ё ҳикояти намакине гӯяд, хастагиашон рафъ гардида, ғубори дилашон тоза мешавад. Латифаҳо шаҳду шакари сӯҳбатҳост.
Ҳар як миллат қаҳрамони латифаҳои халқии худро дорад. Агар мардуми ҳафт шаҳр ба ҳуқуқи соҳибшавии зодгоҳи Гомер байни худ баҳсу талош намоянд, 24 халқу миллати ҷаҳон Хоҷа Насриддинро ҳамватани худ меҳисобанд. Барои ба ин шарафи бузург ноил шудан олимони бисёр мамлакатҳо ҷус­туҷӯву тадқиқоти илмӣ мебаранд ва далелҳо меоранд. Барои исботи фикрҳои худ дар таърих гузаштани чунин ном як шахсро аз сарчашмаҳо номбар мекунанд. Дар Туркия ҳатто барои далели суханонашон дар Оқшаҳр вуҷуд доштани қабри Мулло Насриддинро ҳамчун исботи раднопазир мисол нишон медиҳанд. Вале дар ин бора, ақидаи адабиётшинос К.С. Давлетов дигар аст. Вай пайдоиши симои Хоҷа Нас­риддинро дар давраи интишори дини ислом – тахминан асрҳои VIII–ХI, ки зиддияти халқ ба муқобили истибдодгарон хеле паҳну пурзӯр гардида буд, медонад.
Дар бораи ин қаҳрамони фолклорӣ бар замми олимони Осиёи Марказӣ ходимони илму адаби Россия, Туркия, Озарбойҷон, Арманис­тон, Руминия, Болгария, Югославия, Чин ва ғайра низ изҳори ақида намудаанд.
Хоҷа Насриддин Афандӣ қаҳрамони латифаҳои фолклории халқҳои Шарқ, мамлакатҳои Баҳри Миёназамин ва Балкан ба ҳисоб меравад. Вай қаҳрамони ҳикояҳои хурди ҳаҷвӣ, латифа, мутоиба ва ҳатто афсонаҳои кӯтоҳи иҷтимоӣ мебошад. Дар ҳудуди давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик, дар адабиёти араб, форс, турк, тоҷик, хитой, инчунин адабиёти Кавказ ва Балкан бисёр латифа, мутоиба ва ҳикояҳои кӯтоҳ дар бораи Хоҷа Насриддин вомехӯранд. Ҷамъоваришудаи онҳо ба забони русӣ 1238 ададро ташкил мекунанд. Симои ин қаҳрамони халқӣ ботинан пурзиддият аст, оворагард, ҳақгӯ, адолатпарвар, исёнкор ва ниҳоят доно мебошад, баъзан соддалавҳона, гоҳо девонафеълона рафтор мекунад, дар макру фиреб ва зарофату ҳозирҷавобӣ ҳамто надорад. Дар баъзе латифаву мутоибаҳо ҳамчун мутафаккири доное, ки тамоми нозукиҳои илми фиқҳро медонад, ба назар мерасад. Вай аз болои мардуми хасису мумсик, мағруру худписанд, чоплусу фитнагар, муллову имом, муфтиву қозӣ, ҳатто вазиру шоҳон механдад.
Хусусияти аз ҳам фарқкунандаи Хоҷа Насриддин дар он аст, ки ӯ аз ҳолатҳои ниҳоят душвор ҳам, ба туфайли ҳушёриву доноӣ ва ҳозирҷавобии худ ғолиб мебарояд. Бинобар ҳамин, латифаҳои Афандӣ мисли худаш дар бисёр мамлакатҳо «сайр» мекунанд. Латифаҳое, низ мавҷуданд, ки воқеаҳояш дар Бухорову Самарқанд ба амал омадаанд. Ҳатто дар баъзе латифаҳо номи деҳаҳои шаҳр ва гирду атрофи Самарқанд зикр гардидаанд.
Образи Хоҷа Насриддинро бе хараш тасаввур кардан мумкин нест. Хар дар бисёр латифаҳо вомехӯрад: гоҳ ҳамчун қаҳрамон ва гоҳо ҳамчун ҳамсафари доимии Хоҷа Насриддин амал менамояд.
Мисли Хоҷа Насриддин дигар халқу миллатҳо низ чунин персонажҳо доранд. Фақат номҳои онҳо гуногун аст. Масалан, Пётри маккор дар байни халқҳои славянҳои ҷанубӣ, Ҷуҳо дар байни арабҳо, Пулу –Пугӣ дар байни арманҳо, Алдаркӯса дар байни мардуми қазоқ, Амирбек – қароқалпоқҳо, Ахмет-­акай дар байни тоторҳои қрим, Мушфиқӣ (дар баробари Хоҷа Нас­риддин) – дар байни тоҷикон, Салай Чаққон ва Мулло Зайдин – уйғурҳо, Камина – туркманҳо, Тил Уленшпигел байни мардуми фламанд ва немисҳо, Пэкалэ ва Тиндалэ байни мардуми румину молдаванҳо, Нестерка – белорусҳо, Ивани нодони русу Казак Мамайи украинҳо ва ғайраҳо мебошанд.
Сайри мазмуни баъзе латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандиро мутобиқи расму оин ва дигаргуниҳои каму беш дар байни дигар халқҳо ҳам дидан мумкин аст. Номашон ҳам ҳар хел: ингушҳо Мулло Несрат, қазоқҳо хоҷа Носир ё

Эпендӣ, қирғизҳо Эпендӣ, македониҳо Насриддин оҷа, тоторҳо Хуза Нас­рэдин, туркманҳо Эпендӣ, арабҳо ҷуҳо, озарбойҷониҳо Мулло Несрэддин, уйғурҳо Несридин Эпендӣ, булғорҳо Настрадин Хоҷа ва ғайра мегӯянд.
Дар бораи ин образи фолклорӣ қиссаву романҳо навишта шудаанд. Филмҳои ҳуҷҷативу мултипликатсионӣ эҷод гардидаанд. Ҳатто ба шарафи Хоҷа Насриддин 11-уми апрели соли 2018 танӯраи Харонаро ба номи Насриддин гузоштаанд.
Ҳайкали ин қаҳрамони латифаҳои халқӣ дар Маҷмӯаи ёдгориҳои таърихии Лаби Ҳавзи Бухоро вуҷуд дорад. Инчунин, муҷассамаи вай дар Россия (дуто), Туркия, Қазоқистон ва Украина гузошта шудаанд.
Имрӯзҳо низ мардуми мо латифаҳои Афандиро ба якдигар мегӯянд ва латифаҳои нав ба нав мебофанд. Дар рӯзномаву маҷаллаи ҳаҷвӣ адибону ҳаҷвнигорон бо зик­ри номи ӯ латифаҳои эҷодкардаи худро чоп мекунанд.

Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ