Барои пешгирии коррупсия фаъолияти боти нав ба роҳ монда шуд

Агентии рушди сохтори фармасевтика бо мақсади дар соҳа пешгирии ҳолатҳои коррупсия ва мубориза зидди он фаъолияти махсуси @Stop-Corruptionbot-и қабулкунандаи муроҷиатҳои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқиро ба роҳ монд. Акнун аҳолӣ ҳангоми дар соҳа аниқ гардидани ҳолатҳои қоидавайронсозӣ ва коррупсия метавонад, бо воситаи боти мазкур ё ин ки телефони боварии (71) 2340604 ба агентӣ муроҷиат намояд. Муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ҳолати ошкор накардани шахси муроҷиаткарда омӯхта мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ