Навиди футбол Якчанд нафар футболбозони пуриқтидори ӯзбекистонӣ дар чанд ҷамоаҳои мамлакатҳои ҷаҳон тӯб меронанд

. Баъзеи онҳо маҳорат нишон дода, соҳиби обрӯ мегарданд. Нимҳимоятгари ҷамоаи яккачини Ӯзбекистон ва клуби касбии футболи «Бунёдкор» Ҷасур Ҷалолиддинов ба клуби «Локомотив»-и Москва гузаштанаш мумкин аст. «Локомотив» барои ба Ҷасур додани 350000 евро (трансфер) тайёр аст. Футболбози дигар Хуршед Ғиёсов ҷамоаи «Анянг»-и Кореяи Ҷанубиро тарк намуд. Боз як футболбози ӯзбекистонӣ Шаҳбоз Умаров, ки дар сафи клуби «Энергетик БТУ»-и Беларус моҳирона тӯб меронад, фаъолияташро дар клуби шинохтаи БАТЕ давом доданист.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ