Оиди хабари дар Ӯзбекистон карантин то 31-уми август дароз гардид, изоҳ дода шуд


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шуд, ки карантин дар Ӯзбекистон то 31-уми август дароз карда мешавад.
Хабарҳо дар бораи он, ки чораҳои карантинӣ дар Ӯзбакистон то 31-уми август дароз карда мешавад, дурӯғ ва нодуруст аст.
Дар ин бора, дар канали Telegram, ки дар Ӯзбекистон маълумоти дурӯғро рад мекунад, хабар дода шуд.

Сабаби паҳн шудани чунин хабарҳо дар шабака, мақолаи шабакаи телевизионии «UzReport» «Карантинро то 31-уми август дароз кард.» Аммо ин маълумот дар бораи давраи карантинии Озарбойҷон буд.
Бояд қайд кард, ки барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар байни мардум ҷавобгарӣ мавҷуд аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ